Ru  | Tj
Китобҳои дастнависи Навоӣ ва Алии Яздӣ аз китобхонаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дуздида шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Китобҳои дастнависи Навоӣ ва Алии Яздӣ аз китобхонаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дуздида шудаанд
Акс: Fergana.agency

Китобҳои дастнависи Навоӣ ва Алии Яздӣ аз китобхонаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дуздида шудаанд

Нашр шуд

Нисбат ба мансабдорони Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (ДМӮ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре ОИ "Фергана" хабар медиҳад, Прокуратураи генералии Ӯзбекистон алайҳи як қатор масъулини ДМӮ ба далели дуздии даҳҳо нусхаи нодири асрҳои XIII — XIX аз китобхонаи Донишгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба таъкиди манбаъ, китобҳои дастнависи рабудашуда дар маҷмӯъ 2,6 миллиард сӯм (240 000 доллар) арзиш доштаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳанӯз соли 2018 дар вақти корҳои таъмир аз осорхонаи донишгоҳ як қатор нигораҳою дастнависҳои нодир ба типографияи Ӯзбекистон интиқол дода шудаанд.

Зикр мегардад, ки пеш аз таъмир дар осорхонаи ДМӮ ҳудуди якуним ҳазор нусхаи дастнавис, нома ва санад ба забонҳои ӯзбекӣ, форсӣ, туркӣ, арабӣ ва тоҷикӣ мавҷуд будаанд ва пас аз интиқоли китобҳо дастнависи Абӯмуҳаммад ибни Абубакри Сабонӣ (асри XIII),

китоби Шарафиддин Алии Яздӣ- "Муқаддимаи Зафарнома" (асри XV), панҷ китоби Алишер Навоӣ- "Хамса" ёфт нашудаанд.

Ёдрас мешавем, ки фонди Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Ӯзбекистон аз шаш маҷмӯа иборат буда, дар он беш аз 26 ҳазор ҷилд дастхат, беш аз 39 ҳазор ҷилд китобҳои сангӣ, ҳудуди 10 ҳазор воҳиди асноди таърихӣ ба забонҳои арабӣ, форсӣ, ӯзбекии қадимӣ ва дигар забонҳои Шарқ маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд.


Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед