Ru  | Tj
Комроншоҳ аз ҳамватанон узр пурсид. Ӯ пеш аз бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Комроншоҳ аз ҳамватанон узр пурсид. Ӯ пеш аз бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст
Акс: Озодӣ

Комроншоҳ аз ҳамватанон узр пурсид. Ӯ пеш аз бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст

Нашр шуд

Комроншоҳи Устопириён пас аз шикаст дар нахустин муҳорибаи худ дар Бозиҳои олимпии Токио аз мардуми тоҷик узрхоҳӣ кард.

Ин ҷудокори маъруфи тоҷик дар саҳифаи худ дар Instagram пас аз шикаст аз рақиби фаронсавии худ чунин навишт:

"Имрӯз дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шудам. Ман аз тамоми мардуми азизам узр мехохам, ки натавонистам ҳунари худро нишон диҳам. Поёни шаби сиёҳ сафед аст!"

Ин дар ҳолест, ки Парвиз Нориён, директори шабакаи телевизионии “Варзиш” дар Фейсбук хабар додааст, ки Комроншоҳ "қабл аз сафар ба Токио 20 рӯз аз курунои дунёгир табобат гирифт, даҳ рӯз дар беморхона хобид, бо марг меҷангид ва ба касе шикоят накард”.

Комроншоҳ мутаваллиди соли 1993 аст ва дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Ӯ ду карат қаҳрамони Осиё (2016 - Тошканд, 2017 - Ҳонгконг) ва барандаи медали нуқра (2019 - Фуҷайра) ва ду медали биринҷии (2015 - Кувайт; 2021 - Бишкек) Қаҳрамонии Осиё мебошад.

Ин паҳлавони тоҷик аз соли 2012 ба ин сӯ ҳамасола шомили даҳгонаи беҳтарин варзишгарони тоҷик шудааст.

То имрӯз нафаре аз намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио медал ба даст наовардааст.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед