Ru  | Tj
Корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар Тоҷикистон вилояти чорум таъсис меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар Тоҷикистон вилояти чорум таъсис меёбад
Акс: Trasa.ru

Корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар Тоҷикистон вилояти чорум таъсис меёбад

Нашр шуд

Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси Данғара дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин ноҳия дар ояндаи наздик вилоят мешавад.

Шарифзода рӯзи 28-уми июл дар ҳузури хабарнигорон бо зикри ин матлаб гуфт, ки дар ноҳия бо қарори ҳукумат муассисаҳои вилоятӣ сохта мешаванд.

Манбаъ афзуд, ки аллакай дар ноҳия беморхонаи вилоятии сироятии Данғара ва бинои Раёсати корҳои дохилӣ ба баҳрабардорӣ расида, айни замон сохтмони бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия ва маркази саниатрӣ-эпидемиологии вилоят идома дорад.

Ба гуфтаи Шарифзода, ҳанӯз замони дақиқи таъсиси вилояти чоруми Тоҷикистон маълум набудааст.

Данғара зодгоҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ва овозаҳо дар бобати табдили ин ноҳия ба вилоят солҳо боз дар кишвар мавҷ мезананд. Тахмин мешавад, ки дар ҳолати ба вилоят табдил ёфтани Данғара қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, шаҳрҳои Нораку Ёвон ва ҳам шаҳри Роғун ба ҳайати он шомил мегарданд.

Ғолибони озмуни «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» дар вилояти Суғд муайян шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед