Ru  | Tj
Кумитаи рушди сайёҳӣ: Тамошои Саратоғ бо риояи қоидаҳои эҳтиётӣ хавф надорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳӣ: Тамошои Саратоғ бо риояи қоидаҳои эҳтиётӣ хавф надорад
Акс: аз манбаъҳои боз

Кумитаи рушди сайёҳӣ: Тамошои Саратоғ бо риояи қоидаҳои эҳтиётӣ хавф надорад

Нашр шуд

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар мавриди нашри хабарҳо дар бораи вуҷуди бемори хавфноки “тоун” дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ вокуниш кард.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи пешгирии эҳтимоли пайдоиш ва сироят аз бемории хафноки “тоун” дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд тавзеҳот тавзеҳот доданд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки ҳамасола дар ин  минтақа корҳои илмиву пажуҳишӣ аз сӯйи мутахассисони “Маркази саросарии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ”  ҷиҳати муайянсозии ҳолати беҳдоштӣ дар муҳити табиӣ анҷом мешаванд.

Бояд гуфт, ки бемории сироятии ниҳоят хавфноки “тоун” дар солҳои аввали асри XX дар минтақаи Саратоғ ба сабт расида буд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки дар натиҷаи пайомадҳои тағйирёи иқлим эҳтимол  дорад манбаъҳои нуҳуфтаи сироят кушода шуда, хавфи паҳншавии сироят ба вуҷуд ояд.

Зикр мешавад, ки паҳншавии ин беморӣ тавассути интиқолдиҳандагони табиъӣ, яъне ҷонварони ваҳшӣ, хояндагон ва ҳашароти газанда имконпазир аст.

Дар робита ба ин ҷиҳати пешгирии эҳтимоли пайдоиш ва паҳншавии сироят дар байни аҳолӣ ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ширкатҳои сайёҳӣ  даъват шудааст, ки аз таъсис додани урдугоҳҳои сайёҳӣ дар Саратоғ, ҳамчунин дахолати бевосита ба муҳити табиъи атроф худдорӣ намоянд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки пиёдагардӣ, мошингардӣ ва тамошои Саратоғ ва кӯҳистони Фон бо назардошти риояи қоидаҳои эҳтиётӣ хавф надорад.

Ҳангоми сайёҳат пешниҳод мешавад, ки макони шабистиро дар наздикии маҳаллаҳои зисти аҳолӣ дар ин минтақа интихоб кунанд.

Ҳангоми пиёдагардӣ ба хотири ҳимоя аз ҳашароти газанда аз маводҳои ҳашаротгурезон (репелент) истифода карда, ба сару либоси худ аҳамияти хосса диҳанд.

Дар фарҷом зикр мешавад, ки чораҳои эҳтиётӣ танҳо ба минтақаи Саратоғ дахл дошта, ба дигар мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Айни, бахусус мавзеъи сайёҳии Искандаркӯл ва кӯҳҳои Фон дахл надорад.

Гуфтанист, бемории сироятии "тоун" хеле хавфнок буда, дар ҳолати таъхир дар табобат боиси марги бемор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед