Ru  | Tj
Ладо Кватания ба Манижа Сангин пешниҳоди издивоҷ намудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ладо Кватания ба Манижа Сангин пешниҳоди издивоҷ намудааст
Акс: Интернет

Ладо Кватания ба Манижа Сангин пешниҳоди издивоҷ намудааст

Нашр шуд

Тоҷикдухтари иштирокчии "Евровидение" - Манижа Сангин ба шавҳар мебарояд.

Коргардон Ладо Кватания, ки қаблан аз Манижа Сангин ҳамчун дӯст ва ҳамкор унвон карда буд, ба ӯ пешниҳоди издивоҷ намудааст.

Дар ин бора худи тоҷикдухтар дар саҳифаи "Instagram"-аш хабар медиҳад.

Манижа дар "stories"-и саҳифаи Инстаграмаш акси худро бо шавҳаршавандааш нашр намудааст, ки дар он диққати махсус ба ангуштарини никоҳ равона гардидааст. 

Ҳамчунин, ба шарҳи сароянда ӯ ба пешниҳоди ин издивоҷ розигӣ додааст.

Манижа Сангин иштирокчии озмуни мусиқии "Евровидение-2021" буда, дар он Русияро бо суруди "Russian women" муаррифӣ намуд. 

Президент Эмомалӣ Раҳмон 9-уми апрели соли 2021 ҳангоми вохӯрӣ бо аҳолии Ворух аз Манижа Сангин хотиррасон шуда, аз он ифтихор намуд, ки сароянда тоҷикдухтар буданашро инкор намекунад ва дар озмуни сатҳи байналмиллалӣ рамзи либоси милли "чакан"-ро муаррифӣ намуд.


Намояндаи ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об баҳои баланд дод

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед