Ru  | Tj
"Лолаҳо-чилсолаҳо": Гулрухсор ашъори бонувони камшинохтаро мунташир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Лолаҳо-чилсолаҳо": Гулрухсор ашъори бонувони камшинохтаро мунташир кард
Акс: Интернет

"Лолаҳо-чилсолаҳо": Гулрухсор ашъори бонувони камшинохтаро мунташир кард

Нашр шуд

Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз маъруфтарин шахсиятҳои фарҳангии кишвар ашъори бонушоирони камшинохтаи тоҷикро мунтахаб ва дар як ҷилд ба номи "Акси садои нигоҳ" мунташир кард.

Ба гузориши halva.tj, имрӯз дар Иттифоқи нависандагон маросими муаррифии китоби "Акси садои нигоҳ", маҷмӯаи ашъори 11 бонуи суханвар, ки Гулрухсор Сафӣ мунтахаб ва аз сӯи Фарҳангистони шеъри ҷаҳон мунташир шудааст, баргузор гардид.

Хонум Гулрухсор дар ин маҳфил таъкид дошт, ки шеърҳои ин бонувони камшинохта, аммо шинохтанӣ аз навиштаҳои аксар шоирони аъзои иттифоқ беҳтар ҳастанд.

"Аз Бадахшон то Самарқанду Бухорову Зарафшон ашъори бонувони сухансаро дар ин китоб ҷамъ омада, умедворем, ки ҳар хонанда пас аз ошноӣ бо ин бонувони дӯстдоштанӣ шоири дили хешро интихоб хоҳанд кард" - гуфт Гулрухсор Сафӣ.

Дар маҳфил адибони маъруфи кишвар Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон ва Абдуллои Раҳнамо ҳузур доштанд.

"Лолаҳо-чилсолаҳо! Яъне бонувоне, ки сарҳади чиҳилро ноаён убур карда, ба фасли ҷовидонаи камоли ҷамолу фазилат пайвастаанд" – навиштааст, дар пешгуфтори китоб Гулрухсор.



Далер Назаров: Навохтани гиторро аз Ютуб омӯзед


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед