Ru  | Tj
Маблағгузории Русия ва фонди СММ ба лоиҳаи "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маблағгузории Русия ва фонди СММ ба лоиҳаи "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон"
Расм аз ТАСС

Маблағгузории Русия ва фонди СММ ба лоиҳаи "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон"

Нашр шуд

Марказӣ омузишӣ "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон" ки дар Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд,
аз ҷониби Русия ва Фонди нуфузии СММ ЮНФПА маблағгузорӣ шудааст.

Дар ин маросими тантанавӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва президенти Академияи Миллии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, инчунин директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳо Шариф Раҳимзода ва роҳбари дафтари UNFPA дар ҷумҳурӣ Наргис Раҳимова ширкат варзиданд. 

Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо кардааст. Ҳадафи лоиҳа муайян ва пур кардани камбудиҳои марбут ба маълумоти демографӣ ва такмил додани усулҳои буҷа ва сармоягузорӣ мебошад. 

Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки Русия мисли пештара дар рӯҳияи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаи омори демографӣ дастгирии бебозгашт мерасонад. Маркази нав, ки дар Академияи миллии илмҳо ҷойгир аст, аз маблағҳои ҷудошуда бо ҳамаи таҷҳизотҳои муосири техникӣ барои корҳои илмӣ таъмин карда шуданд.

Дар Русия 18 марказ барои кӯмаки муҳоҷирон кушода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед