Ru  | Tj
Макрон аз фаъолгардии мубодилаҳои сиëсиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон хушнудӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Макрон аз фаъолгардии мубодилаҳои сиëсиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон хушнудӣ кард
Акс: Sputnik

Макрон аз фаъолгардии мубодилаҳои сиëсиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон хушнудӣ кард

Нашр шуд

 Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишвар ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро табрик карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз миëни Президентҳои Тоҷикистону Фаронса ба муносибати 30-юмин солгарди барпо шудани равобити дипломатӣ миëни ду кишвар табодули паëмҳои табрикӣ сурат гирифт.

Макрон дар паëми хеш аз ҷумла гуфтааст, Фаронса хостори он аст, ки ба муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз ëфта буд, идома бахшад.

Вай ҳамчунин бо изҳори сипос барои вогузории пойгоҳ ба қисми фаронсавии ҳарбӣ-ҳавоӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи аз соли 2001 то соли 2014  гуфтааст, ки Фаронса суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад.

Макрон ҳамчунин аз Намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки моҳи октябри соли гузашта дар Осорхонаи санъатҳои осиёии Гимеи Париж  ифтитоҳ шуда буд, ëдоварӣ кардаву таъкид доштааст, ки  ин намоишгоҳ муваффақияти азимро соҳиб гардид ва далели ҳамкориҳои ниҳоят хуби Душанбеву Париж аст.

Президенти Фаронса ҳамчунин баëн доштааст, ки ба шарофати сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон миëни ду кишвар мубодилаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ фаъол гардидаанд, ки ин боиси хушнудист.

Эмомалӣ Раҳмон дар паëми хеш таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҷанбаи созанда касб намудани густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар сӣ соли гузаштаро боиси қаноатмандӣ медонад.

Вай гуфтааст, ки тавсеаи минбаъда ва инкишофи рӯзафзуни муносибатҳои ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Моҳи октябри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Париж рафтаву бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот анҷом дода буд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ”  дар Осорхонаи санъатҳои осиёии Гимеи Париж ширкат намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед