Ru  | Tj
Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи "Шоми Ургант" меҳмон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи "Шоми Ургант" меҳмон шуд
Акс: Интернет

Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи "Шоми Ургант" меҳмон шуд

Нашр шуд

Навори ҳунарнамоии Манижа барои суруди "Зани рус" миёни дигар таронаҳои иштирокчиён сертамошобинтарин буд.

Пас аз бозгашт аз Роттердам, Манижа, ки дар Евровидение-2021 ҷойи 9-умро ишғол кард, ба барномаи "Шоми Ургант" даъват шуд ва дар бораи иштироку пазироияш дар озмуни бузурги мусиқӣ нақл кард.

Ӯ дар барнома қайд кард, ки ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагон ҳайрон шуданд, ки то чӣ андоза баромади ӯ аз стереотипҳо дар бораи Русия, ки онҳо дар солҳои охир аз филмҳо ва воситаҳои ахбори омма омӯхтанд, фарқ мекунад.

"Ман ба шумо комилан ростқавлона мегӯям, ки дар тӯли озмуни Евровидение, дар ин ду ҳафта, аврупоиҳо маро хеле гарм пазируфтанд", - таъкид кард сароянда.

Ҳамчунин, ҳунарманд дар бораи омодагӣ дар паси парда сӯҳбат кард ва иқрор шуд, ки барои сохтани мӯйи сар ва бастани "салла" тақрибан 40 дақиқа вақт сарф шудааст.

Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки худаш, бидуни стилистҳо, хеле зудтар ин корро мекард.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Eurovision-2021 Италия буд, ки онро гурӯҳи роксаройи Måneskin муаррифӣ кард.



Манижа ба марҳилаи охирини озмуни «Евровидение» роҳ ёфт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед