Ru  | Tj
Марҳилаи бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Марҳилаи бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз ёфт
Акс: Your.tj

Марҳилаи бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз ёфт

Нашр шуд

Маркази миллии тестӣ аз оғози марҳилаи асосии сабтиноми  довталабон барои ширкат дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои кишвар хабар дод. 

Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи вуруд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид. 

Гуфта мешавад, барои  осонгардии кори довталабон то анҷоми ин марҳила  дар 34 шаҳру навоҳии кишвар чиҳил нуқтаи доимии бақайдгирӣ таъсис ёфта ва ҳамчунин 16 нуқтаи сайёри бақайдгирӣ дар дигар манотиқи кишвар амал менамояд. 

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои касбии кишвар дар соли ҷорӣ бештар аз 95 ҳазор пешбинӣ шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки Хуршед Икромӣ, раиси Маркази миллии тестӣ моҳи гузашта дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буд, ки сафи довталабон ба макотиби олию миёнаи касбии кишвар кам шудааст.

Вай сабаби аслии ин ҳолатро ба рӯй овардани ҷавонон ва ё оилаҳои онҳо ба муҳҷоират рабт дода буд.



Ғолибияти Норвегия: Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин хотима ёфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед