Ru  | Tj
Масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Акс: ASIA-Plus

Масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид

Нашр шуд

Рӯзи 17-уми марти соли ҷорӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо муовини Сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Демиденко Дмитрий Павлович дидор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни масъалаҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирон, инчунин ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони онҳо табодули афкор намудаанд.

Ҳамчунин, миёни намояндагони Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаи ба кор таъмин намудани муҳоҷирон мувофиқа ҳосил шудааст.

Қобили қайд аст, ки моҳи декабри соли 2021 Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2021 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, Бонки марказии Федератсияи Русия иттилоъ дода буд, ки дар се семоҳаи соли 2021 ба Тоҷикистон қариб 1,3 миллиард доллар фиристода шудааст.


Қонуни нав барои муҳоҷирон дар Русия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед