Ru  | Tj
Масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар 3 моҳ ҳалл мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар 3 моҳ ҳалл мешавад
Расм аз Фергана

Масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар 3 моҳ ҳалл мешавад

Нашр шуд

Пинҳон нест, ки имрӯзҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳсҳои сарҳадӣ бо шиддат идома доранд. Ва барои ҳалли ин масъала тӯли 2 соли охир комиссияи байниҳукуматии ду кишвар гуфтушунидҳои сатҳи гуногун гузаронид.

Ин дафъа раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев ва Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар шаҳри Хуҷанд, санаи 18 март вохӯрӣ анҷом доданд. 

Қамчибек Тошиев гуфтааст, ки баъд аз ҳалли масъалаи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон, ба онҳо се моҳ муҳлат дода шудааст. 

"Аз ин ҷо ман ба Ботканд меравам. Масъалаи марзҳо бо Ӯзбекистон ҳал шуд, аммо бо Тоҷикистон - не.  Ба мо се моҳ мӯҳлат доданд”, - изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Акнун тарафайнро мебояд дар ин муддат масъалаи делимитатсия ва демаркатсияро ба пуррагӣ ҳалл намоянд.
Миёни ду кишвар 375 км хати сарҳад муайян нокарда дар наздикии Ворӯх мавҷуд аст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед