Ru  | Tj
Мастона дар озмуни "Акси садои Осиë" зинаи сеюмро касб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мастона дар озмуни "Акси садои Осиë" зинаи сеюмро касб кард
Акс: Sputnik

Мастона дар озмуни "Акси садои Осиë" зинаи сеюмро касб кард

Нашр шуд

Мастона Собирзода дар XIII Фестивал-озмуни  байналмилалии сиркии «Акси садои Осиё» сазовори медали биринҷӣ гардид.

Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар", ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода дар XIII Фестивал-озмуни  «Акси садои Осиё»  ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Манбаъ меафзояд, Мастона дар номинаи «Алвон», яъне гимнастикаи ҳавоӣ миёни 50 нафар ҳунармандони ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ карда, ҳайати ҳакамон ва бинандагонро мафтун намуд. Аз ҷумла, Раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларус ба сиркбози ҷавони тоҷик таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудаанд.

Ҳамчунин, манбаъ зикр намудааст, ки Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар ин озмун ба ҳайси узви ҳайати ҳакамон ширкат намудааст. Гуфта мешавад, ин нахустин бор аст, ки як  намояндаи кишвар дар озмуни байналмилалии сиркӣ ҳакам интихоб мешавад.

Бояд гуфт, ки Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сиркии «Акси садои Осиё» аз 10-ум то 14-уми август дар Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор шуд. Мастона Собирзода дуюмин ҳунарманди Сирки тоҷик аст, ки дар озмуни мазкур иштирок менамояд.


Варзишгари тоҷик дар Боку сазовори медали нуқра шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед