Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгари тоҷик дар Боку сазовори медали нуқра шуд
Нашр шуд
Аз Тоҷикистон 6 нафар варзишгар дар мусобиқаи байналмилалии Baku Grand Slam-2021 иштирок варзиданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», аз рӯзҳои 5-ум то 7-уми ноябр дар Озарбойҷон мусобиқаи ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он 195 варзишгар аз 29 давлат қувваозмоӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки Темур Раҳимов низ дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, дар вазни +100 кг дар чорякфинал бар ҳарифи худ аз Бразилия Тиаго Палмини ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба намуд.
Зикр мегардад, ки Раҳимов дар финал аз варзишгари ҷопонӣ Татсуру Саито шикаст хӯрда, ҷойи дуюмро ишғол кард.
Илова мегардад, ки Муҳаммадраҳим Сарахонов варзишгари дигари тоҷик низ дар мусобиқаи Baku Grand Slam-2021 иштирок намуда, ҷойи 7-умро сазовор гардидааст. Ӯ дар вазни -73 кг дар даври дуввум рақиби худ аз Молдова Виктор Степруро мағлуб намуда, дар чорякфинал аз варзишгари олмонӣ Лукас Веннеколд шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов паҳлавони риштаи ҷудо маҳсуб ёфта, соли 2019 дар Марракеш соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Ӯ ҳамчунин соли 2021 дар бозиҳои олимпии Токио Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, вале ҳеҷ ҷойро сазовор нагардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед