Ru  | Tj
Медалҳои нуқраву биринҷии ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Медалҳои нуқраву биринҷии ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо
Акс: Кумитаи миллии олимпӣ

Медалҳои нуқраву биринҷии ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо

Нашр шуд

Ду паҳлавони тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо (FIAS) медалҳои нуқраву биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттиллои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Акмалиддин Каримов дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия баргузор гардид, сазовори медали нуқра ва Садр Боев соҳиби медали биринҷӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг қувваозмоӣ кардаву дар бозии ниҳоӣ аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ шикаст хӯрдааст.

Садр Боев бошад дар вазни 88кг ба майдон баромадааст ва дар сабқати чорякниҳоӣ намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданиро мағлуб сохтаву дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари ӯзбекистонӣ Ихтиёр Эшмуродов ба бохт мувоҷеҳ шудааст. Ин паҳлавони тоҷик бо шикаст додани варзишгари марокашӣ Ҳусейн Чакирӣ ба мақоми савум расида ва медали биринҷиро ба даст овардааст.

Лозим ба зикр аст, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо (FIAS) рӯзи якшанбеи 22-юми август дар шаҳри Санкт- Петербург бо ширкати беҳтарин самбокорони ҷаҳон дар 7 вазн баргузор гардид. Дар ин мусобиқа чаҳор паҳлавон Акмалиддин Каримов (58кг), Хушқадам Хусравов (64кг), Ёқубҷон Боқиев (71кг) ва Садр Боев (88кг) аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.



Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед