Ru  | Tj
Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад
Акс: Кумитаи миллии олимпӣ

Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад

Нашр шуд

Дар Бозиҳои XVI паралимпии Токио -2020 танҳо як варзишгар аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, - хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар Паралимпиадаи Токио, ки аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор мешавад, танҳо як варзишгари тоҷик Акмал Қодиров ширкат менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин варзишгари тоҷик дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ вориди майдон мешавад.   

Қаблан Кумитаи байналмилалии паралимпӣ эълон кард, ки як варзишгари дигари тоҷик Парвиз Одинаевро пас аз бозниграии натиҷаҳо аз рӯйхати иштирокчиёни сабқат хориҷ намудааст.

Дар Бозиҳои XVI паралимпии Токио -2020 4400 варзишгар аз 136 кишвари ҷаҳон барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.

Иштироки як варзишгар дар Бозиҳои паралимпӣ дар ҳолест, ки имсол ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио ноком гашт. Тоҷикистонро дар ин олимпиада 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) намояндагӣ карданд, аммо нафаре аз онҳо соҳиби медал нашуд.



Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо соҳиби медали нуқра гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед