Ru  | Tj
Мехост тангаҳои қадимаро ба Русия барад. Аммо..

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мехост тангаҳои қадимаро ба Русия барад. Аммо..
Акс: Интернет

Мехост тангаҳои қадимаро ба Русия барад. Аммо..

Нашр шуд

Як сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қоҷоқи тангаҳои қадима ба даст афтид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои доихилӣ, ин марди 48-сола зимни баргузор намудани чораҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ ҳангоми сафар бо хатсайри “Хуҷанд – Иркутск” дастгир гардида, аз бағоҷи ӯ 180 адад тангаи қадима дарёфт ва мусоидар гардидааст.

Гуфта шудааст, ки дар асоси хулосаи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, ин сиккаҳо дар ҳолати хуб қарор дошта, дорои арзиши нумизматикӣ ва аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ будаанд.

Қонунгузории кишвар интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангиро аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда, барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст. 

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон мардеро боздошт кард, ки саҳифаи фейсбукии қалбакии президентро таъсис додааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед