Ru  | Tj
Муҳлати амали имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон кам шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳлати амали имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон кам шуд
Расм аз Pasporta.org

Муҳлати амали имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон кам шуд

Нашр шуд

Муҳлати Натиҷаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таърихи Русия, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ гирифта мешуд, тағйир ёфт.

Дар қарори имзокардаи Михаил Мишустин, сарвазири Русия, гуфта шудааст, ки минбаъд муҳоҷирон бояд дар се сол 1 маротиба аз нав имтиҳон месупоранд. Солҳои қаблӣ ин муҳлат дар 5 сол як маротиба буд. 

"Муқаррар кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатномаи дониши забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия аз рӯзи баровардани он <...> - се сол", - ҳуҷҷат мегӯяд.

Коҳиш додани муҳлати шаҳодатнома бо пешниҳоди вазорати маорифи Русия қабул шудааст.

Бояд қайд кунем, ки аз соли 2012 ҳамаи муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия ворид мешаванд, барои муайян намудани сатҳи забони русӣ, таърих, фарҳанг ва қонунгузории Русия имтиҳон месупоранд ва ба онҳо сертификат дода мешавад.

Корфармоёни Русия боз барои қабули муҳоҷирон ба Тоҷикистон меоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед