Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид
Нашр шуд
Сармураббии ҷадид бо мақсади омода намудани тими миллии Тоҷикистон ба марҳалаи интихобии Қаҳрамони Осиё-2023 интихоб шудааст.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, таъйин гардидани Петр Сегрт ба ҳайси сармурабии дастаи миллии кишвар рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" баргузор гардида буд, тасдиқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки Петр Сегрт муҷаввизи мураббигии “Pro”-и УЕФА-ро дорад.
Хотиррасон менамоем, ки тими Молдив дар соли 2018 бо роҳбарии Петр Сегрт ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ гардида буд.
Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия таваллуд шуда, аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Фаъолияти мураббигии ин мутахассиси хорватӣ аз футболбозии ӯ дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон сарчашма мегирад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед