Ru  | Tj
Навраси 12 солаи тоҷик дар Шветсия финалисти озмуни Unga Solister гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Навраси 12 солаи тоҷик дар Шветсия финалисти озмуни Unga Solister гардид
Акс: ASIA-Plus

Навраси 12 солаи тоҷик дар Шветсия финалисти озмуни Unga Solister гардид

Нашр шуд

Самир Абдураззоқов, набераи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ба қатори финалистони озмуни бонуфузи Unga Solister (солистоҳои ҷавон) дохил шудааст.

Тавре "Азия-плюс" хабар медиҳад, озмуни Unga Solister рӯзи 23-уми январ дар толори консертии Стокҳолми Шветсия баргузор шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, Самир дар саҳна "Фантазия-экспромт до минор"-и Фредерик Шопен ва "Чакона"-и Генделро дар давоми 12 дақиқа иҷро намудааст.

Гуфта мешавад, ки барномаи муаррификардаи навраси тоҷик барои синну соли ӯ мураккаб буда, аслан пианинонавозони калонсол онро иҷро мекунанд, лекин Самир дар озмун хеле хуб баромад карда, ба рӯйхати ғолибони панҷгонаи беҳтарин (дар категорияи то 13-сола) шомил шудааст.

Марҳилаи ниҳоии озмун рӯзи 3-юми апрел дар Стокҳолм баргузор мешавад ва дар он Самир бо ҳамроҳии оркестр консерти рақами 2-и Фредерик Шопенро иҷро хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки нахустин баромади Самир дар синни шашсолагаш буда, ӯ ҳамроҳи падараш " Twinkle twinkle little star"-и Мотсартро иҷро карда буд.

Ҳамчунин, Самир Абдураззоқов узви оҷонсии швейтсарии Eccoli аст, ки ҳунармандони ҷавони мусиқии классиқиро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.


Афзалшоҳ Сафарзода. Тоҷикписаре, ки ғолиби якчанд озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ гардидааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед