Ru  | Tj
Мутахассисони ҷавони тоҷик барои таҳсили дусола ба Ҷопон мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мутахассисони ҷавони тоҷик барои таҳсили дусола ба Ҷопон мераванд
Акс: Pressa.tj

Мутахассисони ҷавони тоҷик барои таҳсили дусола ба Ҷопон мераванд

Нашр шуд

Як гурӯҳ мутахассисони ҷавон, ки хизматчии давлатии вазорату идораҳои кишвар ҳастанд, барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд.

Ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президент, 16 нафар хизматчии давлатии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар фиристода мешаванд.

Манбаъ афзудааст, аз ин мутахассисони ҷавон, ки кормандони вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд, 15 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил хоҳанд кард.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Дилноза Аҳмадзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ бо магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон қабл аз сафарашон ба ин кишвар мулоқот намуда, талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи сеҷонибаи баимзорасида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро ба онҳо тавзеҳ додааст.

Бояд гуфт, ки роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) аз соли 2009 инҷониб ҳамасола хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳи Ҷопон фиристода мешаванд ва ҳадаф аз ин иқдом рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.


XXI Мактаби байналмиллалӣ оид ба чолишҳои амнияти ҷаҳонӣ барои мутахассисони ҷавон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед