Ru  | Tj
Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба артиш 70% таъмин шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба артиш 70% таъмин шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба артиш 70% таъмин шуд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон давоми як моҳи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ ба артиш нақша беш аз 70 дарсад иҷро шуд.
 
Ба иттилоъи сарҳанг Фаридун Маҳмадализода, сардори дафтари матбуотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар давоми 30 рӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 55 дарсад иҷро гардид.
 
Вай дар идома афзуд, ки шаҳру навоҳии ВМКБ дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 дарсад аз иҷрои нақша гузориш дода буданд ва ин вилоят чанд сол боз дар рӯзҳои аввал нақшаи даъватро иҷро мекунад.
 
Ҳамзамон ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун низ аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд. Дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Леваканд аз иҷрои нақша гузориш доданд.
 
«Маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар моҳи апрел дар шаҳри Душанбе 51 дарсад, дар вилояти Суғд - 55 дарсад, дар вилояти Хатлон - тақрибан 86 дарсад ва дар навоҳии тобеъи марказ 74 дарсад иҷро шуд», - хабар медиҳад Фаридун Маҳмадализода.
 
Дар маҷмуъ нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар моҳи апрел беш аз 70 дарсад иҷро шудааст.
 
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шуда, то 31-уми май идома хоҳад кард.  Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷавонписарони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои сарбозӣ даъват карда мешаванд.
 
Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, муҳлати сарбозӣ аз 1 то 2 сол аст.
 
Ҳамзамон тибқи қонун анҷоми хидмати сарбозӣ бо пардохти 54 ҳазор сомонӣ ва тамрини якмоҳа дар артиш низ имконпазир аст.07:37





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед