Ru  | Tj
Намояндагии ширкати дорусозии "Nobel Pharmsanoat" дар Тоҷикистон кушода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии ширкати дорусозии "Nobel Pharmsanoat" дар Тоҷикистон кушода мешавад
Акс: Интернет

Намояндагии ширкати дорусозии "Nobel Pharmsanoat" дар Тоҷикистон кушода мешавад

Нашр шуд

Масъалаи мазкур дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Директори генералии "Nobel Pharmsanoat" баррасӣ гардидааст.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, имрӯз, 28-уми январи соли 2022 Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Кюршат Женк Четин, Директори кулли ширкати "Nobel Pharmsanoat" мулоқот анҷом додааст.

Таъкид мегардад, ки зимни мулоқот миёни ҷонибҳо оид ба рушд додани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Nobel  Pharmsanoat"-и Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар анҷоми музокирот Кюршат Женк Четин миннатдории худро ҷиҳати мусоидат намудани Сафорат барои кушодани намояндагии "Nobel Pharmsanoat" дар Тоҷикистон баён намудааст.

Қайд менамоем, ки ширкати дорусозии туркӣ  "Nobel Pharmsanoat"  соли 1964 таъсис ёфтааст.


Ба Китобхонаи миллӣ беш аз 40 ҳазор китоби тозанашр ворид шудааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед