Ru  | Tj
Ба Китобхонаи миллӣ беш аз 40 ҳазор китоби тозанашр ворид шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба Китобхонаи миллӣ беш аз 40 ҳазор китоби тозанашр ворид шудааст
Акс: Интернет

Ба Китобхонаи миллӣ беш аз 40 ҳазор китоби тозанашр ворид шудааст

Нашр шуд

Соли гузашта Китобхонаи миллӣ аз ноширону муаллифон беш аз 40 ҳазор китоби тозанашрро ба фонди худ қабул кардааст. 

Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, ин матлабро Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  баён намудаву таъкид доштааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад. 

Маҳмудов ҳамчунин гуфтааст, ки давоми соли гузашта беш аз 23 ҳазор нафар ба Китобхонаи миллӣ аъзо гардидаву беш аз 259 ҳазор нафари дигар барои дастрас намудани китобу иттилоот ба ин муассиса муроҷиат кардаанд. 

Вай афзудааст, ки ба паҳншавии  ҳамагирии коронавирус нигоҳ накарда,  беш аз 700 сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз ин китобхона дидан намудаанд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо фонди иборат аз 3 миллиону 300 ҳазор адад китоб ва дигар маводи чопию иттилоотӣ аз бузургтарин китобхонаҳои минтақа ба шумор меравад.  

Бояд гуфт, ки пас аз роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Илм-фурӯғи маърифат” таваҷҷуҳи мардум, махсусан наврасону ҷавонон ба китобхониву илмомӯзӣ ба таври бесобиқа зиёд шудааст. 

Дар соли  2021 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор нафар аъзо гардида, беш аз 259 ҳазор нафар барои дастрас намудани китобу иттилоот ворид шуда, зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ба фонди муассиса қабул карда гардиданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад. Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 3 миллиону 300 ҳазор адад китоб ва дигар маводи чопию иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.



Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед