Ru  | Tj
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз иқдомҳои Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ситоиш намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз иқдомҳои Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ситоиш намуд
Акс: ASIA-Plus

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз иқдомҳои Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ситоиш намуд

Нашр шуд

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати коҳиши таъсироти манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар муассир арзёбӣ кард.

Ба иттилои котиботи Бонки миллӣ, ин матлаб рӯзи 5-уми октябр дар мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Сандип Махаҷан ва Ивайло Изворский зикр шудааст.

Нуралиев дар ин дидор бо масъулини Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ки тадбирҳои андешида имкон фароҳам оварданд, ки соли молии сипаригардида мусбат ҷамъбаст шавад ва Бонки миллӣ тавонист дар чунин шароити буҳронӣ бо пешбурди сиёсати мутавозини пулию қарзӣ ва истифодаи фишангҳои монетарӣ сатҳи таваррумро муътадил нигоҳ дорад.

Вай аз ҷумла, пешниҳоди чандин имтиёзҳо ба ташкилоти қарзиро аз шумори тадбирҳое унвон кард, ки ба кам гаштани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар боис гаштаанд.

Сандип Махаҷан, коршиноси макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисоди кишвар ибрози назар карда, аз ислоҳоте, ки Бонки миллӣ роҳандозӣ намудааст, ситоиш кард.

Махаҷан гуфт, ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон натоиҷи мусбат ба бор меоранд ва инро ниҳодҳои байналмилалии молӣ низ эътироф менамоянд.

Манбаъ меафзояд, дар ин мулоқот ҳамчунин перомуни дастгирии самтҳои мухталифи иқтисоди миллӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва роҳҳо тақвияти ҳамкорӣ дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердер дидору гуфтугӯ ва масоили расонидани кӯмак ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳоди байналмилалиро баҳсу баррасӣ карда буд.

Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ барои иҷрои 110 лоиҳа ба Тоҷикистон 2,2 миллиард доллар қарзу грант додааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед