Ru  | Tj
Намояндаи Маскав: Тоҷикистон самти муҳимми рушди иқтисоди байналмилалии Русия аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Маскав: Тоҷикистон самти муҳимми рушди иқтисоди байналмилалии Русия аст
Акс: Sputnik

Намояндаи Маскав: Тоҷикистон самти муҳимми рушди иқтисоди байналмилалии Русия аст

Нашр шуд

Ба гузориши ТАСС, Намояндаи тиҷоратии Русия Евгений Коренков дар сӯҳбат ба ин хабаргузорӣ аз дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбеву Маскав гуфтаву таъкид доштааст, ки бояд дар бозорҳои Тоҷикистону Русия ширкатҳои бузурги ҳарду кишвар таъсис ёбанду фаъол бошанд.

Кореников ҳамчунин зикр намудааст, ки дар ин самт бояд ба аҳаммияти фаъолсозии ҳамкориҳо дар заминаҳои сармоягузорӣ, танзими қарзҳо ва беҳбуди инфрасохтори таҳвил таваҷҷуҳи махсус дода шавад.  

Қаблан Коренков гуфта буд, ки ширкати "Силовые машины"-и Русия мехоҳад  дар сохтмони Роғун иштирок намояд.  Ин намояндаи Русия ҳамчунин хабар дода буд, ки Тоҷикистону Русия дар садади таъсиси як корхонаи муштараки васлу насби автомобилҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ҳастанд. 

Русия яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар аз марзи 1 миллираду 200 миллион доллари амрикоӣ гузашта буд. 


Кори амалии лоиҳаи ТАПИ ба зудӣ дар хоки Афғонистон оғоз мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед