Ru  | Tj
Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд
Акс: utair.ru

Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд

Нашр шуд

Ду ширкатҳои Тоҷикистону Русия, ки парвзҳои мунтазамро ба зима доранд, нархи чиптаҳоро эълон намуданд. 

Нархҳои чиптаҳо аз самти Москва ба Душанбе нисбат ба Душанбе-Москва як баробар фарқият доранд. Арзиши парвоз аз Москва ба Душанбе 143 доллар ё 1640 сомонӣ муқаррар гардидааст ва аз Душанбе ба Москва бошад 349 доллар ё 3983 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо дар як ҳафта як маротиба сурат хоҳанд гирифт ва 3 апрел аввалин парвози ширкати "Ютейр" аз самти Душанбе ба Москва бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва ташхис аз коронавирус анҷом меёбад. 

Парвзоҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Россия аз 1 апрел баъд аз як соли қатъ гардӣ оғоз меёбанд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба саволҳо оид ба ифтитоҳи парвозҳо посух дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед