Ru  | Tj
Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистону Қирғизистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистону Қирғизистон
Расм аз Tengrinews.kz

Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистону Қирғизистон

Нашр шуд

10 январ ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя доир гардид: Интихоботи Парлумонӣ дар Қазоқистон ва интихоботи Президентӣ дар Қирғизистон.

Дар интихоботи Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон 5 ҳизбҳои сиёсӣ “Ак Жол”, “Ауил”, “Адал”, Ҳизби халқии Қазоқистон, “Нур-Отан” иштирок намуданд. Алҳол тибқи омори пешаки ҳизби Нур-Отан бо 71,9% овоз пеш рафта истодааст. Ду ҳизби дигар “Ак Жол” бо (10,18%), ва “Ҳизби халқии Қазоқистон” бо 9,03 % овоз роҳхат ба парлумон гирифтанд. Ҳизбҳои “Адал” ва “Ауил” аз сабаби 7 % нагирифтани овоз ҷой нагирифтанд.

Содир Ҷабборов бошад, дар интихоботи Президентии Қирғизистон бо ба даст овардани 79,18 % ғолибиятро ба даст овард. То субҳи 11 январ Кумитаи марказии интихоботии ин кишвар хабар дод, ки 96,4 % овозҳо  ҳисоб карда шуданд. Содир Ҷабборов собиқ вакили парлумон баъд аз ҳолисаҳои эътирозӣ, ки дар натиҷаи он Президенти қабли Сооронбай Жеенбеков ба истеъфо рафт,  номзадии худро дар интихобот гузошта ғолиб омад.

Адахон Мадумаров бо гирифтани 6,7% овоз ҷойи дуюмро ишғол намуд ва боқимонда номзадҳо камтар аз 3 % овоз гирифтанд.

Инчунин райпурсии умумиҳалқӣ барои баргардонидани шакли идоракунии президентӣ баргузор гардид, ки 81,% итихобкунандагон хоҳиши тарафдори намуданд.

"Уралские авиалинии" парвозҳо аз Русия ба Қирғизистонро аз сар мегирад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед