Ru  | Tj
Натиҷаи сафари Станислав Зас дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Натиҷаи сафари Станислав Зас дар Душанбе
Акс: Алексей Никольский / ТАСС

Натиҷаи сафари Станислав Зас дар Душанбе

Нашр шуд

Станислав Зас, дабири кулли СААД, бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад ва дар давоми руз як чанд вохурӣ ба анҷом расонд.

Зимни вохӯрӣ бо котиби Кумитаи Шурои амният Насрулло Маҳмудзода масъалаҳои татбиқи афзалиятҳои Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар тӯли раисии Тоҷикистон дар созмон, гардиши ғайриқонунии нашъа, амнияти сарҳад баррасӣ шуд.

Инчунин оиди гузаронидани як қатор машқҳои ҳарбӣ дар майдони Тоҷикистон дар амалиёти зидди маводи мухаддир "Канал" ва гурӯҳҳои махсуси "Кобалт-2021" сухан гуфт Зас.

Дар вохӯрии дигар бо раиси шурои вазирони мудофиа Шералӣ Мирзо оидм ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодӣ, бардоштани сатҳи омодагии қувваҳои дастаҷамъӣ дар иҷрои супоришҳои махсус, гузаронидани чорабиниҳои таёрии зудамали ҳарбӣ, таъмини низомиён бо яроқу аслиҳаи муосир, техникаҳо бо роҳбарии миссияи сулҳовари СММ ва ғ.

Инчунин дар масъалаи машқҳои дар нақша будаи қувваҳои амнияти дастаҷамъӣ бо номи "Взаимодействие-2021" ва "Поиск-2021" гуфтушунид гузаронданд.

Дабири кулли СААД рӯзи 16 феврал ба Тоҷикистон омад ва сафари ӯ то 19 феврал идома хоҳад кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед