Ru  | Tj
Станислав Зас ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Станислав Зас ба Тоҷикистон меояд
Расм аз РГ

Станислав Зас ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Дабири кулли СААД Станислав Зас бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дабири кулл аз рафти омодагии шаҳри Душанбе ба баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви СААД дидан мекунад ва нақша дорад бо роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва блоки қудратии кишвар мулоқот намояд.

Ин сафари Станислав Зас қаблан моҳи марти соли гузашта бояд баргузор мешуд ва бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии Covid-19 ба муҳлати ноаён ба таъхир гузошта шуда буд.
Барои Станислав Зас ин нахустин сафар ба Тоҷикистон баъд аз ба вазифаи дабири кулли СААД аз 1 январи соли 2020 таъин шуданаш.

Созмони СААД аз 6 кишвар иборат, дар он Арманистон, Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон шомиланд.

Баррасии масъалаи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия дар нишасти матбуотии мақомотҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед