Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасон, ҷавонон, бонувон: Велосипедронҳои Осиë ба Душанбе меоянд
Нашр шуд
Дар Душанбе Қаҳрамонии Осиё дар риштаи велосипедронӣ дар шоҳроҳ миëни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор мегардад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар мавриди баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ қарори махсуси Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.
Гуфта мешавад, Қаҳрамонии Осиë оид ба велосипедронӣ аз 25-ум то 29-уми март дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ — Хуросон – Бохтар гузаронида мешавад ва ҳадаф аз он тарғиби ин навъи варзиш ва тарзи ҳаëти солим аст.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамасола дар шаҳру навоҳии кишвар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
Шаҳрдорӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки ҳамчунин аз 17-ум то 22-юми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштигирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мегардад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед