Ru  | Tj
Сомон Маҳмадбеков ва Далер Ризозода 50 000 сомонӣ Ҷоизаи президентӣ гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков ва Далер Ризозода 50 000 сомонӣ Ҷоизаи президентӣ гирифтанд
Акс: АМИТ "Ховар"

Сомон Маҳмадбеков ва Далер Ризозода 50 000 сомонӣ Ҷоизаи президентӣ гирифтанд

Нашр шуд

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид.

Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи "Суруш"-и пойтахт ҷоизаҳои соҳаи варзиш ба варзишгароне, ки меъёрҳои Низомномаи ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро риоя кардаанд, тақдим гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ба 32 нафар ҷоизагирандагон аз Фонди Президенти кишвар 450 000 сомонӣ ҷудо шудааст.

Ҳамин тавр, Сомон Маҳмадбеков варзишгари соҳаи ҷудо ва Далер Ризозода варзишгари риштаи гуштини юнонӣ-римӣ Ҷоизи президентро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ сазовор гардидаанд. Инчунин ба мураббиёни ин варзишгарон низ ба миқдори 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардидааст.

Ҳамчунин, ба ҳафт варзишгари дигар: Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Моҳру Ҳалимова ва Моҳру Ҳалимова ҷоизаи пулӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ (ба ҳар як нафар) мукофотонида шудааст.

Зимнан, ба мураббиёни ин варзишгарон мукофотпулӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ тақдим гаштааст.

Илова бар ин, варзишгарони дигар Ҷоизаи Президентро ба маблағи аз 6500 то 18750 сомонӣ соҳиб гаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфтааст.


Маросими супоридани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед