Ru  | Tj
Назрулло Латипов: Барои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъсиси ниҳоди алоҳида зарур аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Назрулло Латипов: Барои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъсиси ниҳоди алоҳида зарур аст
Акс: ФФТ

Назрулло Латипов: Барои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъсиси ниҳоди алоҳида зарур аст

Нашр шуд

Раиси Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон гуфт, ки барои рушди соҳаи варзиш дар ин кишвар зарурати таъсиси як ниҳоди ҷудогона дар сохтори идораи давлатӣ пеш омадааст. Дар ҳоли ҳозир соҳаи варзиш дар сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Нарзулло Латифов, раиси Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи расмии «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки бо вуҷуди рушди назарраси зерсохтҳои варзишӣ тайи солҳои охир дар Тоҷикистон натиҷаҳои варзиши тоҷик дар ду соли охир ғайриқаноатбахш аст. Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, аз ҷумла соли 2021 варзишгарони Тоҷикистон натавонистанд дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал ба даст биёранд.

Ин дар ҳолест, ки варзишкорони тоҷикистонӣ дар се олимпиадаи пешин – Пекин-2008 ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ), Лондон-2012 як медали биринҷӣ ва Рио-де-Жанейро як нишони тилло ба даст оварда буданд. Зимнан, дар Олимпиадаи Токио – 2020 аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Вай дар идома таъкид кардааст, ки соли 2022 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (Қуния, Туркия) бе медали тилло баргашт, дар ҳоле ки варзишгарони кишварҳои минтақа – Ӯзбекистон 40 нишони тилло, Қазоқистон 19 тилло, Қирғизистон 7 тилло ва Туркманистон 3 медали тилло гирифтанд.

Инчунин, ба гуфтаи Назрулло Латипов, варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки наметавонанд дар мусобиқоти намудҳои олимпии Қаҳрамонии ҷаҳон медал ба даст оранд. Илова ба ин соли гузашта ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои Қаҳрамонии Осиё мушарраф нашуд.

Бо назардошти ин Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соҳаи варзиш аз сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш берун карда шуда, дар ин замина ниҳоди алоҳида - Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҳукумати Тоҷикистон таъсис шавад. Дар баробари ин варзишгари маъруфи Тоҷикистон Зебунисо Рустамова ва Парвиз Нориён, раҳбари Муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш» аз пешниҳоди таъсиси ниҳоди ҷудогона бо ҳадафи рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон истиқбол кардаанд.

Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки айни замон дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон вобаста ба самти варзиш як раёсат (раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш) ва як шуъба (шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб) фаъолият мекунад, ки дар маҷмӯъ 15 корманд дорад. Муаллиф дар фарҷом савол гузоштааст, ки чӣ тавр 15 нафар метавонанд ба ҳама самтҳои варзиш дар Тоҷикистон расидагӣ кунанд?

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият дорад, ки ин ду самтро пеш мебарад. Қаблан бахши сайёҳӣ низ ба он шомил буд. Дар ин замина зикр мешавад, таҷрибаи ташкили ниҳоди алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳӣ нишон дод, ки мақомоти ҷудогона метавонад барои рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед