Ru  | Tj
Нерӯҳои низомии ОМҲ бори нахуст дар тамринҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт" дар Тоҷикистон иштирок мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нерӯҳои низомии ОМҲ бори нахуст дар тамринҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт" дар Тоҷикистон иштирок мекунанд

Нерӯҳои низомии ОМҲ бори нахуст дар тамринҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт" дар Тоҷикистон иштирок мекунанд

Нашр шуд

Аз 17-ум то 19-уми ноябри соли равон дар Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии Қувваҳои зудамали дастҷамъӣ (ҚЗД)  ва Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) "Кобалт-2021" баргузор мегардад.

Ба иттилои "ТАСС", низомиёни Округи марказии ҳарбӣ бори нахуст ба машқҳои муштараки ҚЗД ва СПАД, ки дар Тоҷикистон мегузарад,  ҳамроҳ мешаванд.

Ба иловаи манбаъ, машқҳои дастҷамъона дар машқгоҳи Фахрободи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар машқҳои муштараки мазкур хизматчиёни ҳарбӣ аз Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Ҳамаи ширкаткунандагони машқҳои амалӣ, ки дар ҳайати нерӯҳои вижаи ҚЗД ва СПАД фаъолият мекунанд, масъалаи баргузор намудани амалиёти ҷангӣ ва нобуд сохтани ҷангҷӯёнро коркард менамоянд.

Зикр мегардад, ҳадаф аз ташкил намудани машқҳо дар он аст, ки дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷангӣ сурат гиранд ва омодабошии саривақтӣ ба сатҳи баланд бардошта шавад.

Рӯзҳои 18-23-уми октябри соли 2021 дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон яксилсила машқҳои  "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" баргузор гардиданд, ки ба он беш аз 2700 нерӯи низомӣ ва 500 адад техника аз шаш давлат - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҷалб гардид.


Масъалаи рушди нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ мегардад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед