Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Нишасти сарони кишварҳои ИДМ моҳи оянда дар Остона баргузор мешавад
Нашр шуд
Пойтахти Қазоқистон дар моҳи оянда аз се нишасти байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мизбонӣ мекунад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, рӯзҳои 13-14-уми октябр дар шаҳри Остона нишасти Шӯрои ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва саммити «Осиëи Марказӣ – Русия» баргузор мешаванд.
Манбаъ афзудааст, ки сабтиноми хабарнигорони хориҷӣ барои инъикоси ин нишастҳои байналмилалӣ оғоз ëфтааст ва то 5-уми октябр идома меëбад.
Лозим ба зикр аст, ки Қазоқистон имсол раëсати давраӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед