Ru  | Tj
“Нома ба Панҷшер”. Аввалин китоби шеър дар васфи Ҷабҳа ва Аҳмад Масъуд чоп шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Нома ба Панҷшер”. Аввалин китоби шеър дар васфи Ҷабҳа ва Аҳмад Масъуд чоп шуд
Акс: ASIA-Plus

“Нома ба Панҷшер”. Аввалин китоби шеър дар васфи Ҷабҳа ва Аҳмад Масъуд чоп шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе китобе ба нашр расид, ки дар он ашъори шоирон ва навиштаҳои олимону рӯзноманигорони тоҷик дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Аҳмад Масъуд гирдоварӣ шудааст.

Ба гузориши Halva, маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” аз ҷониби Иброҳимҷон Дӯстализода, шоир ва тарҷумони ҷавони тоҷик гирдоварӣ ва ба нашр расидааст ва он ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст.

Дар ин китоб ки бо хатҳои кириллӣ ва форсӣ чоп шудааст, ашъори шоирони маъруфи кишвар ва ҷавоншоирон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик маросими рӯнамоӣ аз китоби “Нома ба Панҷшер” баргузор гардида, он то ба дасти хонандагон бирасад.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Давлат Сафар, шоири маъруф ва муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Facebook аз чопи як китоби дигар ба номи “Ҳамосаи Панҷшер” хабар дода буд.

Давлат Сафар навишт, ки нашриёти “Адиб”- и Вазорати фарҳанг нусхаи аввали маҷмӯаи ашъори шоирони порсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ интишор намуд.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки то имрӯз ба Толибон* (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) сар нафаровардааст. Дар ин вилоят бо роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Толибон* таъсис ёфтааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар нишасти СААД дар Душанбе гуфта буд, ки Толибон* дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд.

“СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд”, - таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед