Ru  | Tj
Ҳоким Қодиров Ҳаҷ нарафту ба деҳааш купрук сохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳоким Қодиров Ҳаҷ нарафту ба деҳааш купрук сохт
Акс: Интернет

Ҳоким Қодиров Ҳаҷ нарафту ба деҳааш купрук сохт

Нашр шуд

Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент купрукеро ба истифода доданд, ки бо маблағи сокини маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Маросими ифтитоҳи купрук бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Панҷакент гузаронда шуд.

Тибқи шарҳи Ҳоким Қодиров, маблағи мазкурро писаронаш барои зиёрати ӯ захира намудаанд.

"Падарам Эргаш Қодиров дар назди рӯди Гузари боло боғи хурде бунёд карда буд. Борони сел ҳар сол он боғро шуста мебурд. Барои гузариш аз рӯд купруки чӯбин сохта шуда буд. Бо гузашти солҳо он купрук низ ғайри қобили истифода гардид. Барои гузаштан аз рӯд сокинон азоб мекашиданд. Пасон хулоса кардам, ки бо маблағи худам купруки бетонӣ месозам",- гуфт Ҳоким Қодиров.

Дарозии купруки нав 7 метр буда, паҳноияш 4 метрро ташкил медиҳад.



Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед