Ru  | Tj
Олжас Бектенов: Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳеч масъалаи ҳалношуда нест

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Олжас Бектенов: Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳеч масъалаи ҳалношуда нест
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Олжас Бектенов: Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳеч масъалаи ҳалношуда нест

Нашр шуд

Масоили рушд ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Олжас Беткенов дар Душанбе баррасӣ шуд. Сарвазири Қазоқистон субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Рӯзи 30-юми апрел дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Олжас Беткенов, сарвазири Қазоқистонро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо маҷмуъи масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои афзалиятноки тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика, кишоварзӣ, таробарӣ (нақлиёт), молия ва бонкдорӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Олжас Бектенов дар ин мулоқот таъкид кард, ки Қазоқистон Тоҷикистонро шарики боэътимоди роҳбурдӣ ва ҳампаймон медонад ва байни ду кишвар ҳеч масъалаи ҳалношуда нест.

Дар ин замина таъкид шуд, ки дар соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди 1 милярду 150 милён доларро ташкил дод ва барои афзоиши ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан зарур аст. Аз ҷумла дар ин замина зикр шуд, ки Кумисиюни байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бояд иҷрои қарордодҳои ба маблағи тақрибан се милярд долар қаблан басташударо зери назорат бигирад.

Ҳамчунин ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим дониста шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва афзун кардани содироти маҳсулоти ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ба Қазоқистон аз самтҳои дигари муҳим дар ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.

Дар ин замина ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофирбариро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд. 

Таҳкиму тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шангҳай, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бовар дар Осиё, Сандуқи наҷоти Арал ва дар қолаби Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.

Тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Қазоқистон миёни кишварҳои узви ИДМ аз рӯйи ҳаҷми гардиши мол бо Тоҷикистон бо нишондоди 328,2 милён долар (+5,7%), дар ҷойи дуввум қарор дорад. Дар ин муддат Тоҷикистон 18,7%-и маҳсулоти мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон қисмати асосии гандум ва гази моеъро аз ин кишвар ворид месозад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед