Ru  | Tj
Ҷоми Президент: Муштзанҳои тоҷик 11 медали тило ба даст оварданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷоми Президент: Муштзанҳои тоҷик 11 медали тило ба даст оварданд
Акс: Sport.tj

Ҷоми Президент: Муштзанҳои тоҷик 11 медали тило ба даст оварданд

Нашр шуд

Дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарëфти Ҷоми Президети Тоҷикистон  аз сенздаҳ вазн дар ёздаҳтояш  муштзанони тоҷик соҳиби медали тило шуданд.

Ба гузориши  "Ховар", дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарëфти Ҷоми Президент муштзанҳои тоҷик дар 11 вазн пирӯзии мутлақ ба даст овардаву сазовори нишони тило гардидаанд ва ду медали дигари тило насиби муштзанҳои ӯзбек шудааст.

Манбаъ меафзояд, нахустин мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарëфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни калонсолон аз 24-ум то 27-уми  сентябр дар шаҳри Хуҷанд  баргузор шуд.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гардида буд.

Аз Темуру Комроншоҳ то Эмомаливу Сомон. Паҳлавонони тоҷик ба Тошканд мераванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед