Ru  | Tj
Ҷопон омода аст, ба бахши сайёҳии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷопон омода аст, ба бахши сайёҳии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода кунад
Акс: ASIA Plus

Ҷопон омода аст, ба бахши сайёҳии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода кунад

Нашр шуд

Сафири Ҷопон дар Душанбе гуфт, ки кишвараш омода аст барои рушди бахши гардишгарии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода намояд.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, Такаюкӣ Мияшита дирӯз дар мулоқоти худ бо роҳбари ин ниҳод Тоҷиддин Ҷӯразода таъкид доштааст, ки Ҷопон алоқаманд аст, мутахассисони тоҷикро дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва гардишгарӣ ба омӯзиш фаро бигирад.

Манбаъ мегӯяд, Ҷӯразода ва Сафири Ҷопон дар ин дидор перомуни масоили тавсеаи муносиботи дуҷонибаи Душанбеву Токио дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахш табодули афкор намудаанд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти дипломатии Такаюкӣ Мияшита дар Тоҷикистон охири соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди гардишгарӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд, аммо паҳншавии бемории фарогири COVID-19 ба рушди ин соҳа дар Тоҷикистон низ таъсироти манфии зиёд доштааст.

Аз ҷумла, дар авохири соли гузашта Кумитаи сайёҳӣ аз коҳиши мизони вуруди сайёҳон ба кишвар хабар дода,, зикр намуда буд, ки омадани гардишгарон ба кишвар 72,2% коҳиш ёфтааст ва ин бахш ба ҷои 250 миллион ҳамагӣ 72 миллион доллар фоида овардааст.

Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед