Ru  | Tj
Ҷопону Италия рушди ҳамкориҳои фаромарзии кишварҳои Осиëи Марказиро дастгирӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷопону Италия рушди ҳамкориҳои фаромарзии кишварҳои Осиëи Марказиро дастгирӣ мекунанд
Акс: Интернет

Ҷопону Италия рушди ҳамкориҳои фаромарзии кишварҳои Осиëи Марказиро дастгирӣ мекунанд

Нашр шуд

Аз ҷониби Ҷопон ва Италия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкории фаромарзӣ маблағ ҷудо шудааст. 

Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ин бора муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ хабар додааст.

Волӣ дар Вена дирӯз бо Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Вай дар ин мулоқот гуфт, ки аз ҷониби Давлати Ҷопон ва Ҷумҳурии Италия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкории фаромарзӣ маблағ ҷудо шудааст, ки он ба Тоҷикистон низ равона мегардад.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин дидор якчанд масъалаи мубрам, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи татбиқи барномаҳои ин Раёсат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ҳамчунин, директори Агентии назорати маводи нашъаовар бо ишора ба вазъи кунунии Афғонистон аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расонидани кӯмакҳои моддӣ-техникӣ ба мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.

Бояд гуфт, ки Ҳабибулло Воҳидзода ба манзури ширкат дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

Қаблан Воҳидзода дар Вена маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда буд.



"Росавиатсия" гуфт, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо Тоҷикистонро бекор кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед