Ru  | Tj
Қосим - Жомарт Тоқаев: Ченаки маоши ҳадди ақал то 60 000 тенга баланд бардошта шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қосим - Жомарт Тоқаев: Ченаки маоши ҳадди ақал то 60 000 тенга баланд бардошта шавад
Акс: Интернет

Қосим - Жомарт Тоқаев: Ченаки маоши ҳадди ақал то 60 000 тенга баланд бардошта шавад

Нашр шуд

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2022 дар Қазоқистон ба маоши коргарон 17,5 ҳазор тенга зам мешавад.

Ин нуктаро Президенти Қазоқистон Тоқаев дар паёми худ ба халқ баён намуд. Ӯ изҳор дошт, ки маоши минималӣ аз 42,5 ҳазор тенга (баробар ба $100) то 60 ҳазор тенга (баробар ба $141) баланд карда шавад.

"Миқдори маоши минималӣ аз соли 2018 то инҷониб боло нарафтааст. Буҳрони пандемияи коронавирус ба даромади аҳолӣ бетаъсир намонд. Ғайр аз ин, аз ҷиҳати сатҳи маоши ҳадди ақали Қазоқистон аз як қатор кишварҳои узви ИДМ қафо мондааст. Аз ин лиҳоз, қарор қабул менамоям, ки шурӯъ аз нахустин рӯзи соли 2022 ченаки маоши ҳадди ақал аз 42,5 ҳазор тенга то 60 ҳазор тенга баланд бардошта шавад. Андозаи маоши мазкур бевосита ба 1 млн. нафар ва ғайримустақим ба ҳамаи коргарон дахл дорад",- арз намуд Президент.

Ба шарҳи Тоқаев, баланд бардоштани маоши ҳадди ақал ба истеъмоли маҳсулоти дохила таъсири мусбат мерасонад.

Ба иловаи Президент, кордиҳандагоне, ки маоши коргаронашонро баланд мебардоранд, аз ҷониби ҳукумат бевосита дастгирӣ хоҳанд шуд.



Станислав Зас: Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро таъмин созем

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед