Ru  | Tj
Овозхони маъруфи рус Jony ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Овозхони маъруфи рус Jony ба Душанбе меояд
Акс: Sputnik Тоҷикистон

Овозхони маъруфи рус Jony ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Хонандаи маъруфи рус Jony моҳи оянда барои ширкат дар як  ҷашнвораи бошукӯҳи мусиқӣ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон меояд.

Дафтари матбуоти ширкати мобилии "МегаФон" хабар додааст, ки 24-уми сентябри соли ҷорӣ овозхони маъруфи рус Jony барои ширкат дар дувумин ҷашновораи "MegaFon Life Fest - 2022" вориди Душанбе мешавад.

Ин ҷашнвора бегоҳи 24-уми сентябр дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт баргузор мегардад ва дар он ҳамчунин овозхонони саршиноси кишвар низ ширкат менамоянд.

Манбаъ меафзояд, дар баробари мусиқиҳои ҷаззоб дар "MegaFon Life Fest - 2022"  намоиши роботҳо ва дигар технологияҳои муосир дар соҳаи интернет ва гузаронидани озмунҳои гуногун дар назар аст.

Ҷашнвораи "MegaFon Life Fest" соли дуюм аст, ки аз ҷониби ширкати мобилии "МегаФон" баргузор мешавад. Дар нахустин ҷашнвораи "MegaFon Life Fest" соли гузашта репсарои рус Баста ва овозхон Ҷаҳ Халиб ҳунарнамоӣ карда буданд ва ин фестивал беш аз бист ҳазор нафарро дар "Наврӯзгоҳ"- и пойтахт ҷамъ оварда буд.

JONY тахаллуси ҳунарии Ҷоҳид Афраил оғлу Ҳусейнли, овозхони маъруфи озаритабор аст. Вай муҷрии мавсими дувуми шоуи "Маска" дар шабакаи телевизионии НТВ дар соли 2021 мебошад.


Писари овозхони гуруҳи «Avesto» барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Бишкек шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед