Ru  | Tj
Оё Қирғизистон номи Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҳазв кардааст?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оё Қирғизистон номи Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҳазв кардааст?
Акс: аз манбаъҳои боз

Оё Қирғизистон номи Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҳазв кардааст?

Нашр шуд

Толибон* иддао дорад, ки Қирғизистон номи ин гурӯҳро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Толибон* аз ҳазфи номи ин гурӯҳ аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дар Қирғизистон хабар дод. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон*, имрӯз 5 сентябр баёнияе дар шабакаи X интишор кард ва гуфт, ки Толибон* ин тасмимро як иқдоми шоиста медонанд ва аз он истиқбол мекунанд.

Вай афзуд, ин амал фаҳмиши сиёсии минтақа ва ҷаҳонро нисбат ба Толибон* нишон медиҳад ва ба маънои аз байн бурдани монеаҳо дар таҳкими равобити ин гурӯҳ бо кишварҳои дигар аст.

Давлати Қирғизистон то замони таҳияи хабар ба ин изҳороти Толибон* вокуниш нишон надода буд.

Бояд гуфт, ки қаблан Қазоқистон низ эълом дошт, ки номи гурӯҳи Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кардааст.

Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев эълом дошт, ки Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кардааст, то ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.

Пеш аз ин Русия низ эълом карда буд, ки Толибон*-ро аз феҳристи "гурӯҳҳои террористӣ" дар ин кишвар хориҷ мекунад.

Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон гуфт, Маскав дар ҳазви номи Толибон* аз феҳристи "гурӯҳҳои террористӣ" дар ин кишвар ба манфиатҳои худ тамаркуз хоҳад кард.

Аммо бо ин вуҷуд то кунун ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати муваққати Толибон* дар Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.

Қобили зикр аст, аз замоне, ки Толибон* дар Афғонистон дубора қудратро ба даст оварданд, онҳо бо бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ва Туркманистон равобити густурда барқарор карда, бо ин кишварҳо қарордодҳои зиёди тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба имзо расонидаанд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед