Ru  | Tj
Озода Раҳмон маоши моҳонаашро ба оилаи панҷгоникҳо дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Озода Раҳмон маоши моҳонаашро ба оилаи панҷгоникҳо дод
Акс: Интернет

Озода Раҳмон маоши моҳонаашро ба оилаи панҷгоникҳо дод

Нашр шуд

Оилаи панҷоникҳо соҳиби асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор гардиданд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба оилае, ки чанде пеш дар он панҷгоникҳо таваллуд шуданд, кӯмак кард.

Кӯмакро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент ба ин оила супурда, инчунин хонаи наверо, ки ҳоло ҳукумати ноҳия барои онҳо сохта истодааст, аз назар гузаронидаанд.

Дар ин бора раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода хабар дода, гуфтааст, ки “Ҳукумати маҳаллӣ худаш ният дошт, ки ин оиларо бо ҳама чизҳои зарурии рӯзгор таъмин кунад, “лекин Озода Раҳмон ин корро аз мо пештар кард”.

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.

Иттифоқи касабаи муҳоҷирон: Маоши муҳоҷирон ду маротиба зиёд карда шавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед