Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Озорбойҷон ба Тоҷикистон 40 000 вояи ваксинаи AstraZeneca дод
Нашр шуд
Ваксина ба миқдори 40 000 воя рӯзи гузашта ба Душанбе оварда шуд.
Бо дастури Президенти Озорбойҷон Илҳом Алиев ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус AstraZeneca ҳамчун кӯмаки инсондӯстона ба Тоҷикистон расонида шуд. Дар ин бора Azerbaijan Airlines иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин, бо амри президенти кишвари мазкур ҳамин миқдор ваксина ба Босния ва Гертсоговина интиқол дода шуд.
Озорбойҷон қаблан ваксинаи AstraZeneca-ро ба Ӯзбекистон ба андозаи 50 ҳазор воя ва ба Қирғизистон ба миқдори 40 ҳазор воя расонда буд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 20-уми июл дар Тоҷикистон 14228 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13801 нафар (97,0%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 114 нафар фавтидаанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед