Ru  | Tj
Панҷгоникҳо дар рӯзи кӯдакон соҳиби хонаи нав шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Панҷгоникҳо дар рӯзи кӯдакон соҳиби хонаи нав шуданд
Акс: Интернет

Панҷгоникҳо дар рӯзи кӯдакон соҳиби хонаи нав шуданд

Нашр шуд

"Ҳеҷ гоҳ шуморо танҳо намонда, дар ҳама вазъият кӯмакатон мекунем", гуфтааст раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба хонаводаи панҷгоникҳо.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ноҳияи Қубодиён сафар карда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба модару падари панчгоникҳо бо тантана калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд. Дар ин бора аз мақомоти вилоятӣ хабар додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, манзили истиқоматӣ бо дастгирии ҳукумати вилояту ноҳия ва инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Модари панҷгоникҳо Маҳмадова Дилноза ва дигар аъзои хонавода бо изҳори хушнудӣ вориди хонаи нав шуданд.

Дар дохили хона барои рушду камолёбии кӯдакон шароиту ҷиҳози зарурӣ аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.

Саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро, Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Озода Раҳмон маоши моҳонаашро ба оилаи панҷгоникҳо дод

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед