Ru  | Tj
Парвиз, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвиз, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода даргузашт
Акс: Озоди

Парвиз, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода даргузашт

Нашр шуд

Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар синни 68 солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Дар ин бора Ғафур Расулов, ҳамсабақи Парвиз Турсунзода рӯзи 31-уми июл дар саҳифаи “Шарқшиносон” дар Фейсбук хабар додааст. Аммо иллати марги ӯ гуфта намешавад.

Расулов навиштааст, ки “Чанд рӯз пеш ҳамкурсамон Парвиз Турсунзода, писари устод Турсунзода вафот кард. Фавти Парвиз барои мо талафоти бузург аст. Худои меҳрубон ин бародари азизи моро мағфират кунад ва шоистаи ҷаннат гардонад”.

Аз Парвиз Турсунзода ҳамсабақону дӯстон ба некӣ ёд карда, ӯро хоксортарину беҳтарин инсон унвон кардаанд.

Баҳодур Қосимов, як ҳамсабақи дигари марҳум аз ҷумла чунин нигоштааст:

“Худо раҳмат кунад Парвизхонро. Мо панҷ сол дар як гурӯҳ таҳсил кардаем. Хоксортарин инсон буд. Борҳо рӯзи таваллудашро дар хонаашон ё дар бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон дар Варзоб қайд кардаем. Раҳматӣ падараш - устод Турсунзода ба ҳамаамон насиҳатҳои фаровон кардаанд”.

Парвиз, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода соли 1975 шуъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – ро хатм карда, чанд муддат ба ҳайси тарҷумон дар Ироқ будааст. Баъди бозгашт ба Ватан дар нашрияҳои адабӣ ва киностудияи “Тоҷикфилм” кор кардааст. Аз ӯ чун тарҷумони ҳирфаии филмҳои хориҷӣ низ ёд мешавад. Ҳамчунин, Парвиз Турсунзода чанд муддат дар Палатаи савдо ва саноат ва ширкати «Вавилон-Мобайл» дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст. Вақтҳои охир машғули омода намудани куллиёти осори падараш будааст, ки мутаассифона ин корро ба анҷом расонида натавонист.

Фирӯза Турсунзода, фарзанди калонии устод Мирзо Турсунзода дар як мусоҳибаи худ дар маҷаллаи “Садои Шарқ” гуфта буд, ки бародараш Парвиз 3 фарзанд дорад. Ба гуфтаи ӯ, фарзанди калонии Парвиз - Фарзон хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ буда, корманди Вазорати тандурустӣ мебошад. Духтаронаш Ширин ва Шаҳло дар соҳаи иқтисод фаъолият доранд. Ширин дар яке аз бонкҳои Канада кор мекунад.

Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед