Ru  | Tj
Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон ва хотиррасонии ӯ ба бонувон оиди сариштакорӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон ва хотиррасонии ӯ ба бонувон оиди сариштакорӣ
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон ва хотиррасонии ӯ ба бонувон оиди сариштакорӣ

Нашр шуд

“Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям”.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр мардуми кишварро табрик намуда, дар такя ба мутахассисону коршиносони байналмиллалӣ соли 2021-ро соли аз ҳама ҷиҳат вазнинтар дар қарни охир ном бурдааст.

Дар паёми шодбошии худ Президент ёдовар шудааст, ки додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

“Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кӯмак мерасонанд”, - гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин Президент таъкид кардааст, ки “Дар чунин шароит ҳамаи давлатҳои дунё дар фикри ҳалли мушкилоти худ мебошанд”.

Президент инчунин, махсусан, ба занону бонувон хотиррасон намудааст, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.


Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав: аз гуфтугӯ бо Владимир Путин дар бораи муҳоҷирон ва марз то иштирок дар ҷашни Ғалаба


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед