Ru  | Tj
Пешниҳоди Туркия: Китобҳои адибони маъруфи тоҷикро нашр мекунем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳоди Туркия: Китобҳои адибони маъруфи тоҷикро нашр мекунем
Акс: Интернет

Пешниҳоди Туркия: Китобҳои адибони маъруфи тоҷикро нашр мекунем

Нашр шуд

Ҷумҳурии Туркия тасмим гирифтааст, ки китобҳои адибони маъруфи тоҷикро бо забони туркӣ тарҷума ва ба нашр расонад, то мардуми ин кишвар ба таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик бештар ошно шаванд, - гуфтааст Нодир Алпаслан, муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия.

Ба иттилои сомонаи Вазорати фарҳанг, Манучеҳр Шарифзода, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Нодир Алпаслан, ҳамтои турки худ дар Душанбе дидор ва масоили марбут ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро баррасӣ кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки Алпаслан дар ин мулоқот таъкид доштааст, ки Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия тасмим гирифта, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистонро натанҳо дар бахши ҳунару синамо, балки дар заминаи нашри китобҳо низ ба роҳ монад. Нодир Алпаслан гуфтааст, ки кишвараш мехоҳад китобҳои адибони маъруфи тоҷикро бо сифати баланд ба нашр расонад, то мардуми турк аз таъриху фарҳанги Тоҷикистон ошноии бештар пайдо намоянд.

Ҳамчунин ҷонибҳо хостори баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркия дар кишварҳои ҳамдигар шуда, иброз доштаанд, ки ин иқдом мардумони тоҷику туркро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад.

Гиромидошти шоири ҳақҷӯву ҳақгӯ ва якрӯи тоҷик - Лоиқ Шералӣ дар хонаи адибон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед